Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 сарбози дигари НАТО дар Афғонистон


Дар асари таркиши бамб дар вилояти Пактиё, дар шарқи Афғонистон 2 сарбози НАТО кушта шуданд. Нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ҳуввияти сарбозони кушташударо эълон накардаанд, вале бахши аъзамии асокири хориҷии мустақар дар Пактиё амрикоиянд.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар Афғонистон 69 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG