Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳифозати Боқиев ба бародараш Ҷонибек вогузор шуд


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бародараш Ҷонибекро масъули хадамоти амниятии президент таъйин кард.

Генерал Ҷонибек Боқиев соли 2006 дар пайи як ҷанҷоли пурсарусадо маҷбур шуда буд, аз мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон истеъфо диҳад.

Ӯ ба даст доштан дар қазияи андохтани маводи мухаддир ба ҷомадони як вакили парлумон, ки аз Қурмонбек Боқиев интиқод мекард, муттаҳам шуда буд. Вале ҳеҷ айбномаи расмие дар ин робита алайҳи Ҷонибек Боқиев то ҳол эълон нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG