Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи ISAF иваз шуд


Фармондеҳии ISAF, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО фаъолият мекунанд, генерали амрикоӣ Дейвид МакКирнан бар дӯш гирифт. Ӯ дар ин мақом генерали дигари амрикоӣ Дак МакНилро, ки акнун бознишаста мешавад, иваз кард.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар расми таҳвили фармондеҳии ин нирӯҳо дар Кобул гуфт, фармондеҳи ҷадид масъулияти гаронеро бар дӯш мегирад, чунки ҷангиёни Толибон дар ин авохир фаъолтар шудаанд.

Аз соли гузашта ба ин сӯ, шумори нирӯҳои ISAF аз 36 000 ба 51 000 сарбоз расида, дар ин муддат шумори асокири урдуи давлатии Афғонистон 2 маротиба афзуда, акнун ба 57 000 сарбоз наздик шудааст.

XS
SM
MD
LG