Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси бӯҳрони ҷаҳонии ғизо дар анҷумани Рум


Имрӯз раҳбарони ҷаҳон дар Рум, пойтахти Итолиё, дар анҷумани ташкилдодаи СММ ба баҳси роҳҳои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии ғизо оғоз карданд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ дар паёмаш ба ин анҷуман гуфт, ба хотири расидагӣ ба ниёзҳои афзоянда мизони тавлидоти ғизоро бояд боло бурд: “Ба хотири расидагӣ ба ниёзҳои афзоянда, зарур аст, ки ҳаҷми тавлидот то соли 2030 то 50 дарсад боло бурда шавад. Мо имкони таърихие дорем, ки риштаи кишоварзиро эҳё кунем. Ба вижа дар кишварҳое, ки самараи тавлидоти онҳо дар солҳои охир ночиз буд.”

Дабири кулли СММ ҳамчунин аз давлатҳо даъват кард, ба хотири сабуктар кардани авоқиби бӯҳрони нархи ғизо маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи содироти маҳсулоти ғизоӣ ва боҷу хироҷи воридотиро аз байн бардоранд.

Попи Рум Бенедикти 16 дар номае ба аҳли анҷуман гуруснагӣ ва камбуди ғизоро як воқеъияти барои ҷаҳони муосир ғайриқобилиқабул унвон кардааст.

Анҷумани ҷаҳонии ғизо бо ширкати намояндагони тақрибан 50 кишвар дар Рум 3 рӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG