Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази САҲА дар Душанбе табдили ном мекунад


САҲА ба хотири таҳкими ҳифозати марзҳои Тоҷикистон 620 000 евро, муодили тақрибан 1 миллион доллар, ҷудо мекунад.

Александр Стубб, вазири хориҷаи Финландия, ки раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, рӯзи сешанбе дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, беш аз нисфи ин маблағ сарфи тарҳҳои нобуд сохтани силоҳҳои сабуки корношоям хоҳад шуд.

Александр Стубб, вазири хориҷаи Финландия ҳамчунин гуфт, САҲА мехоҳад бунёди як коллеҷи марзбонӣ дар Тоҷикистонро низ таъмини молӣ кунад. Дар мулоқоти имрӯза дар мавриди тамдиди замони фаъолияти намояндагии САҲА дар Тоҷикистон низ тавофуқ шудааст. Аммо маркази ин созмон дар Душанбе аз ин ба баъд мақоми дафтарро хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG