Пайвандҳои дастрасӣ

Аудити Бонки Миллиро кӣ анҷом хоҳад дод?


Бонки Миллии Тоҷикистон ба хотири интихоби ширкате, ки бояд аудит ё худ таҳқиқи фаъолияти ин ниҳоди молиро анҷом диҳад, озмун эълон кардааст. Ширкатҳо ва созмонҳои довталаб бояд то 10 июн дархости худ барои ширкат дар ин озмунро ба Бонки Миллӣ ироа кунанд.

Дар моҳи март Сандуқи Байналмилалии Пул давлати Тоҷикистонро айбдор кард, ки 5 давраи қарзҳои ин ниҳод ба маблағи умумии 79 миллион долларро бар асоси маълумоти ғайривоқеъӣ дарёфт кардааст ва бояд 47,4 миллион доллари қарзашро пеш аз мӯҳлат баргардонад.

Дар пайи ин ҷанҷоли молӣ, Тоҷикистон ба аудити байналмилалии фаъолиятҳои Бонки Миллиаш розӣ шуд.

XS
SM
MD
LG