Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар мақоми охирин


Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, мизони таварруми пул дар Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар байни кишварҳои шӯравии пешин баландтарин буда, дар муқоиа бо ҳамин давраи соли гузашта 26,6 дарсадро ташкил додааст. Пойинтарин мизони таваррум дар байни ин кишварҳо – 8,6 дарсад – дар Арманистон мушоҳида шуда, мизони миёна таваррум дар ин паҳно 16 дарсад будааст.

Кумитаи омори кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, дар ин муддат, яъне аз моҳи январ то поёни апрел, мизони миёнаи рушди маҷмӯъи маҳсулоти нохолис дар кишварҳои узв 8 дарсадро ташкил додааст. Тоҷикистон бо 4 дарсад мизони рушди иқтисодаш дар 4 моҳи авввали сол дар ин сабқат низ дар байни кишварҳои шӯравии пешин дар мақоми охирин аст.

XS
SM
MD
LG