Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЕврАзЭС бо амрози сироятӣ мубориза мебарад


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Бишкек Шӯрои Кумитаи ҳамоиши Созмони иқтисодии Авруосиё дар умури тандурустӣ нишасти чоруми худро ифтитоҳ кард.

Дар он вакилони вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон, ҳамчунин коршиносони соири ин кишварҳо даъват шудаанд. Масъалаҳои асосие, ки дар ин нишаст рӯзи аввал матраҳ гардиданд, ба амиқгардонии ҳамоиши кишварҳои узви ЕврАзЭС марбутанд. Аз ҷумла чорабиниҳо ҷиҳати пиёда намудани консепсияи кишварҳои узви ин созмон дар мавриди сиёсати иҷтимоӣ, ҳамкорӣ пиромуни мубориза алайҳи бемориҳои вогир ё сироятӣ, такмили ихтисоси ходимони муассисаҳои тиббӣ, эътирофи дипломҳои давлатӣ, таъмини аҳолӣ бо дору ва амсоли он, ки гуфта мешавад, тибқи барномаи байнидавлатӣ таҳти унвони «Тандурустии мардуми ЕврАзЭС» сурат хоҳад гирифт.

Элмира Иброҳимова, ноиби нахуствазири Қирғизистон, гуфт, дар ҳамин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ таҳдиди амрози сироятиро эътироф кардааст, ки вируси Эйч Ай Ви, табларза, сил ва зукоми парранда аз шумули ин бемориҳост. Вай афзуд, ки доман густардани ин проблема минтақаи Осиёи Марказиро низ ба мушкилот мувоҷеҳ намудааст.

Соҳибназар Раҳмонов, ноиби вазири сиҳати оммаи Тоҷикистон, зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ пиромуни нишасти ходимони соҳаи тандурустӣ гуфт, масъалаҳои мавҷудае, ки дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ вуҷуд доранд, тавассути ин гуна нишастҳо баррасӣ мешаванд. Вай афзуд, гурӯҳи корие, ки аз намояндагони кишварҳои узви ЕврАзЭс таъсис меёбад, лоиҳаи санаду қарорҳоеро омода мекунад, ки дар сатҳи баланд ба имзо хоҳанд расид.

Аз Соҳибназар Раҳмонов пурсидам, ки мавзӯъи эътирофи дипломҳо баҳсҳои густардаеро рӯи кор овард ва пиромуни ин мавзӯъ ҷониби Тоҷикистон чи назар хоҳад дошт? Соҳибназар Раҳмонов гуфт, мо бояд ба тадриҷ муассисаҳое, ки дипломи онҳо қобили қабул аст, муайян намоем. Пас дар сатҳи раёсати кадрҳо ин чиз бояд ба имзо расад. Аммо қабл аз ҳама бояд барномаҳои таълимӣ ба ҳамдигар бояд мувофиқат кунанд ва ин кори якрӯзаву дурӯза нест. Гурӯҳи корӣ дар ин замин кор карда истодааст. Мо таклифу дархостҳоеро, ки аз ҷониби Тоҷикистон доштем, ба ин гурӯҳи корӣ додем.

Вай афзуд, дар ин самт шартномаи дуҷонибаро бо Федерасиюни Русия имзо кардаем. Яъне афроде, ки рисолаҳои худро дар Тоҷикистон ҳимоя мекунанд, то дипломашон дар Русия тасдиқ нашавад, он эътибор пайдо нахоҳад кард. Дар ин маврид байни марказҳои илмиву пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистону Русия як алоқамандӣ арзи вуҷуд намудааст. Аммо масъалае, ки дар Бишкек баррасӣ гардид, ба кули давлатҳои узви ЕврАзЭС тааллуқ дорад. Ба ҳар сурат бо дарназардошти муҳоҷирати меҳнатие, ки дар байни давлатҳо ҷой дорад, тасмим дар ин маврид ба манфиати ҳамаи кишварҳои узви ин созмон тамом хоҳад шуд.

Нишасти ходимони вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ЕврАзЭС рӯзи 4 июн низ дар атрофи масъалаҳои таҳти назар мубоҳисаҳоро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG