Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Узбакистонро ситоиш кард


Ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Ричард Баучер ҳини сафар ба Тошканд аз пешрафтҳои ҳукумати Узбакистон дар масоили ҳуқуқи башар ситоиш намуд.

Ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Ричард Баучер бо як сафари корӣ шоми дуюми июн вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон шуд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон вай гуфт, Вашингтон эътироф мекунад, ки Ӯзбакистон дар масоили мисли муқаррароти марбут ба боздошт ва нигаҳдории маҳкумшудаҳо ва иҷозаи Салиби Сурх барои ошноӣ бо вазъи зиндониҳо ба пешрафтҳо даст ёфтааст. Сафари оқои Баучер ба Тошканд дар ҳоле шурӯъ шуд, ки субҳи дуюми июн як додгоҳи маҳаллӣ фаъоли ҳуқуқи башар Мӯътабар Тоҷибоеваро, ки се сол инҷониб дар зиндон ба сар мебурд, озод кард.

Ричард Баучер гуфт, ки бо пешрафти чашмрас дар масоили ҳуқуқи башари Ӯзбакистон равобити ИМА бо ин кишвар низ беҳбуд меёбад. Дар ин суханрониаш оқои Баучер инчунин ҳукумати Тошкандро сипосгузорӣ кард, ки ба низомиҳои амрикоӣ иҷозаи истифодаи пойгоҳи НАТОро дар қаламрави Ӯзбакистон бо ҳадафи ширкат дар амалиёти зиддитеррори Афғонистон додааст.

Ёдовар бояд шуд, ки баъди рӯйдодҳои хунини Андиҷон Амрико ва давлатҳои дигари ғарбиву аврупоӣ Тошкандро барои истифодаи силоҳ зидди мардуми бегуноҳ айбдор карда гуфтанд, ки дар он ҳодисаҳо садҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати Ӯзбакистон шумори қурбониҳоро то ҳол 187 нафар мегӯяд. Дар пайи ин хушунатҳо, ки Тошкандро зери бори танқидҳои зиёди байналмилалӣ қарор дод, мақомоти Ӯзбакистон аз Амрико тақозо карданд, ки пойгоҳи низомиашро тарк кунанд. Ва Тошканд дубора ба оғӯши Маскав даромад.

Аммо дар ин охирҳо равобити дипломатии миёни Тошканду Вашингтон дубора нармтар мешавад ва бо ишора ба чунин таҳаввулот оқои Баучер дар Тошканд гуфт, "ҳарду ҷониб ҳам хоҳони барқарории эътимоди дуҷониба ҳастанд".

Дар рӯзи боздиди Ричард Баучер аз Тошканд яке аз номдортарин фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон Мӯътабар Тоҷибоева аз зиндон раҳо шуд. Хонум Тоҷибоеваи 45-сола, ки соли 2006 ба мӯҳлати 8 сол ба зиндон андохта шуда буд, баъди раҳоиш гуфт, ки ният дорад фаъолиятҳои худро дар самти ҳимояти ҳуқуқи зиндониҳо ва ҷилавгирӣ аз шиканҷаи маҳбусон идома диҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки бо мавқеи ҳукумати Амрико на ҳамеша гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Ғарб розӣ ҳастанд. Созмони мӯътабари Дидбони Ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотс, дар гузориши ахири худ моҳи гузашта мегӯяд, ки ҳукумати Тошканд ҳамоно афродеро, ки бовар меравад дар рӯйдодҳои Андиҷон даст доштаанд, таъқиб мекунад. Ин созмон ҳукумати Амрикоро барои нармиши аз ҳад зиёд нисбати Тошканд ва Иттиҳодияи Аврупоро барои мутаваққиф шудани таҳримҳо алайҳи мақомоти ин кишвар танқид кардааст.

Оқои Баучер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки мавзӯи меҳварии мавриди баррасии онҳо бо раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов - вазъи ҳуқуқи башар будааст. Ва зимни баррасии масоили амниятӣ вай гуфтааст, ки Амрико нияти дастрасии дубора ба пойгоҳҳои низомии ин кишварро надорад.

XS
SM
MD
LG