Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луи Арбор ба риояи ҳуқуқи занҳо даъват кард


Масъули ҳуқуқи башари СММ, ки салоҳиятҳои худро дар ин мақом анҷом медиҳад, наҳваи бархӯрд бо занҳо ва ҳамҷинсгароҳоро дар баъзе кишварҳо танқид кард. Хонум Луи Арбор дар суханронии хушбошии худ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки миллионҳо нафар дар саросари олам танҳо бо сабаби ҷинсият ва ё ҳуввияти ҷинсиашон аз ҳуқуқи баробар маҳруманд ва пайваста мавриди табъйизу озор қарор мегиранд. Арбор, ки охири моҳи ҷорӣ аз вазифа канор меравад, аз Шӯрои ҳуқуқи башар тақозо кард, ки алайҳи ақидаҳои зиддияҳудиву нафрат ба Ислом кор барад.
XS
SM
MD
LG