Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳбарон набояд аз сайти Озодӣ битарсанд"


Дар робита бо ин ки дастрасӣ ба сомонаи интернетии бахши Қазоқии радиои Озодӣ дар қаламрави Қазоқистон масдуд шудааст, ИМА гуфт, ки ҳукуматҳо набояд аз сомонаҳои хабарӣ ҳарос дошта бошанд. Ин саҳифа аз 11 апрели соли ҷорӣ баста шудааст ва тақозоҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз ширкати давлатии КазТелеком барои барқарории фаъолияти ин сомона беҷавоб боқӣ мемонад. Зимни посух додан ба суоле дар ин замина, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико Шон Маккормак гуфт, ҳарчанд вай бо тафсилоти ин қазия шинос нест, аммо ҳеҷ як ҳукумат набояд аз саҳифаҳои интернетии дорои хабарҳои холис ҳарос дошта бошад. Вай гуфт:

"Мавқеи куллӣ ин аст, ки мо аз ҳама ҳукуматҳо тақозо мекунем бидуни монеа иҷозаи пахши барномаҳои радиоӣ ва назарҳоро тавассути сайтҳои интернетӣ ва ё дигар расонаҳо бидиҳанд. Ҳеҷ сабабе барои ташвишу тарс буда наметавонад. Ин ҷо сӯҳбат аз гузоришҳои хабарӣ, далелҳо ва хабарҳо меравад. Аз ин рӯ, ҳеҷ сабабе барои ҳароси кадом як давлатвуҷуд надорад".

Моҳи гузашта САҲА аз мақомоти Қазоқистон тақозо кард, ки дастрасӣ ба саҳифаи интернетии бахши Қазоқии радиои Озодиро барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG