Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти рӯзномаҳо барои мақолаи хеши президент


Як додгоҳ дар Бишкек ду нашрияи мустақилро ба маблағи ҳудудан 28 ҳазор долларӣ ҷарима баст. Ин рӯзномаҳо барои нашри мақолаҳое муҷозот шуданд, ки дар он ба даст доштани бародардозаи раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев дар як сонеҳаи автомобилӣ, ки бо марги як нафар анҷомидааст, ишора мешавад. Додгоҳ инчунин бо иттиҳоми хароб кардани обурӯи бародарзодаи Боқиев - Асилбек Солиев - муаллифи мақоларо ба 85 доллари амрикоӣ ҷарима баст. Ҳарду нашрия гуфтаанд, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ дошта, аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд. Нашрияҳо мегӯянд, ки ҳеҷ як нафарро ба таври мустақим айбдор накардаанд.
XS
SM
MD
LG