Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз пешрафтҳои Ӯзбакистон ситоиш кард


Як мақоми баландпояи амрикойӣ аз пешрафтҳои Ӯзбакистон дар масоили ҳуқуқи башар ситоиш кард, аммо гуфт, ки ҳукумат бояд назорати саросариро коҳиш диҳад. Ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ Ричард Баучер дар Тошканд дар баробари хабарнигорон гуфт, ки мавзӯи аслии мавриди баррасии ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи башар будааст. Баъди саркӯби тазоҳургарони Андиҷон соли 2005 равобити миёни Вашингтону Тошканд ба сардӣ гароид. Ва дар рӯзи боздиди оқои Баучер аз Тошканд додгоҳе дар Ӯзбакистон як фаъоли ҳуқуқи башар Мӯътабар Тоҷибоеваро аз зиндон раҳо кард.
XS
SM
MD
LG