Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Гурҷистон ба сафири Русия


Гурҷистон сафири Русия дар Тифлисро ба Вазорати хориҷа хонда эътирози худро алайҳи истиқрори ҳудудан 400 сарбози рус дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон баён кард. Сафир Вячеслав Коваленко аз тасмими мақомоти низомии кишвараш ҳимоят кард ва гуфт, ки ин амалро бояд чун як кӯмаки башарӣ арзёбӣ кард. Гуфта мешавад, ин сарбозон барои барқарории роҳи оҳани харобшуда ба Абхозистон сафарбар шуданд. ИМА аллакай дар робита бо тасмими ирсоли сарбозони бидуни силоҳи Русия ба Абхозистон изҳори нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG