Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск як созмони амрикойӣ баста шуд


Як маркази омӯзишии амрикоӣ дар Беларус мегӯяд, ки баста шудааст. Тасмими басташавии дафтари Маркази амрикоӣ оид ба омӯзиш ва таҳқиқот дар шароити пеш омадани мушкилоти дипломатии миёни Вашингтону Минск гирифа шуд, ҳарчанд сухангӯи ин марказ аз гуфтани сабаби аслии басташавии ин созмон худдорӣ кард. Баъди ин ки Вашингтон нисбати фаъолияти ширкати бузурги нафт ва кимиёи Беларус дар соли гузашта таҳримҳои молӣ ҷорӣ кард, муносиботи ду ҷониб ба сардӣ гароид. Амрико аз раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко озод шудани ҳама зиндониҳои сиёсиро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG