Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ таркиши Покистонро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ ҳамла болои сафорати Дания дар Покистонро маҳкум кард. Дар ҳодисае, ки рӯзи душанбе дар Исломобод рӯй дод, дасти кам шаш нафар кушта шуданд. Нахуствазири Дания Андерс Фог Расмуссен ҳодисаи бомбгузории ахирро чун "ҳамла алайҳи Дания" арзёбӣ кард. Аммо вай афзуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Дания аз террористон намеҳаросад. Дар оғози соли ҷорӣ мақомоти хадамоти амниятии Дания ҳушдор доданд, ки баъди чопи дубораи карикатураҳои Муҳаммад-пайғамбар дар нашрияҳои даниягӣ, эҳтимоли сар задани ҳамлаҳои террористии шадид ба миён меояд.
XS
SM
MD
LG