Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дания инфиҷор дар Исломободро маҳкум кард


Дания инфиҷор дар канори сафорати кишвар дар Исломободро, ки бар асари он 8 кас кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд, шадидан маҳкум кард. Тибқи хабарҳо, ҳама қурбониён ва маҷрӯҳон шаҳрвандони Покистон, аз ҷумла, кормандони сафорати Дания мебошанд.
Масъулияти ин таркиши маргталабона дар канори сафорати Данияро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Мақомот дар ин ҳодиса ифротгароёни исломиро айбдор мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла бо нашри корикатурҳои Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар расонаҳои Дания бастагӣ дорад ё на. Нашри ин корикатурҳо қаҳру ғазаби мусалмонҳои оламро барангехта буд.

XS
SM
MD
LG