Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати тоҷикон аз таркиши майн дар Волгоград


Бар асари таркиши майни айёми ҷанги дуввуми ҷаҳон дар вилояти Волгогради Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, ин ҳодиса дирӯз тақрибан соати 5-и баъд аз зӯҳр дар канори деҳаи Кузмичии ноҳияи Городишенко рух додааст. Тибқи тафтишоти пешакӣ, муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа ба кишварзӣ машғул буданд. Ҳангоми кор бели якеи онҳо ба майн бархурда ва бар асари ин таркиш рух додааст.
Ба пажуҳиши ҳодиса гурӯҳи фаврии тафтишотӣ иборат аз намояндагони Хадамоти федеролии амният, умури дохила ва вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шурӯъ кардааст. Ҳама корҳои кишоварзӣ дар ҷойи ҳодиса мувақаттан қатъ шудаанд.

XS
SM
MD
LG