Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Парвоз» - «Регар» ТадАЗ – 1:1


Бозии марказии даври 10-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон байни ду дастаи пешсаф - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар ин дидор Жаилтон Оливейраи бразилӣ, ҳамлагари тими меҳмон - «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 27-уми нимаи аввал ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 70-уми нимаи дуввуми бозӣ Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари «Парвоз», ҳисобро баробар намуд. Воқеъан, ин голи 7-уми Нӯъмонҷон Ҳакимов ба шумор меравад ва ӯ ҳамроҳи Бахтиёр Ҳасанов, бозигари «Регар» ТадАЗ, ки ҳамин миқдор тӯб задааст, алъон беҳтарин голзанҳои мусобиқот мебошанд.

«Регар» ТадАЗ, ки дар 9 дидор 23 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор гирифтааст.
«Парвоз, ки нисбат ба рақиби аслиаш ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 19 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар майдони худ «Динамо»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 (Содиқов, 65) мағлуб сохт, бо 16 имтиёз ба зинаи севвум баромад. «Динамо» бо 15 имтиёз чаҳорум шуд.
«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар сафар CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 (Ҳайдаралиев, 61 – гол ба дарвозаи дастаи худ, Заурбеков, 88) шикаст дод, бо 13 имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад.
Дар ду бозии дигари даври 10-ум «Энергетик»-и Душанбе бар тими мизбон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа (Ризомов - «Тоҷиктелеком», 17, Исмоилов, 54, Хоҷаев, 76) ва «Равшан»-и Кӯлоб бар дастаи меҳмон – «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 (Рустамов Н., 22 ва Рустамов З., 77 – «Равшан», Бобоев, 17) ғалаба карданд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
9
7
2
0
28-7
23
2.
«Парвоз»
7
6
1
0
16-3
19
3.
«Хуҷанд»
8
5
1
2
8-5
16
4.
«Динамо»
9
4
3
2
10-7
15
5.
«Вахш»
8
4
1
3
8-6
13
6.
«Тоҷиктелеком»
9
4
0
5
15-14
12
7.
CSKA «Помир»
9
4
0
5
7-13
12
8.
«Равшан»
8
2
1
5
9-16
7
9.
«Гвардия»
9
2
1
6
10-21
7
10.
«Энергетик»
8
2
0
6
11-19
6
11.
«Саройкамар»
10
1
2
7
12-23
5

Бозиҳои даври 11-уми мусобиқот 4-уми июн байни дастаҳои «Хуҷанд» - «Регар» ТадАЗ, CSKA «Помир» - «Тоҷиктелеком», «Энергетик» - «Вахш» ва 5-уми июн – «Парвоз» - «Динамо» баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG