Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгари тоҷик Анвар Юнусов барандаи медали нуқраи нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси АИБА - Созмони байналмилалии бокси ғайриҳирфаӣ - гардид.

Дар даври ниҳоии ин мусобиқа дар Тайван 22 нафар муштзанҳо аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Анвар Юнусов пас аз ду пирӯзӣ бар Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, ва намояндаи Итолиё Алекс Феррамоска дар сабқати ниманиҳоӣ дар вазни то 51 кг бар варзишгари Узбакистон Тулашбой Дониёров дастболо шуд. Вале дар сабқати ниҳоӣ аз барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 Сомҷит Ҷонглоҳор, аз Тайланд, мағлуб гардид ва дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Анвар Юнусов зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат дар Ҷоми раиси Созмони байналмилалии бокси ғайриҳирфаӣ барои ӯ як марҳилаи омодагӣ ба Олимпиадаи Пекин маҳсуб мешуд. Ва аммо муштзани 20-солаи тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ба иллати набуди маблағ дар ин мусобиқа низ устодаш Мирзо Шамсиев ӯро ҳамроҳӣ карда натавонист: «Ман дар ҷараёни ин мусобиқа ба дастгирию маслиҳати устодам хеле ниёз доштам, бахусус, ҳангоми рақобат бо ҳарифи пуртаҷриба Сомҷит Ҷонглоҳор, ки ӯро на танҳо мураббиаш, боз чандин нафари дигар кӯмаку дастгирӣ мекарданд.»

Дар ин мусобиқа дар вазнҳои дигар 4 муштзани Узбакистон, инчунин, якнафарӣ аз Филиппин, Озарбойҷон, Куриёи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Венесуэла ва Укроин ҷойҳои аввалро касб карданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG