Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талафоти Толибон дар як даргирӣ дар Бодғис


Мақомоти Афғонистон аз талафоти бузурги мусаллаҳони Толибон дар як даргирӣ дар шимолу ғарби кишвар иттилоъ доданд. Ба гуфтаи мансабдорони вилояти Бодғис, дар задухурди дирӯзаи неруҳои ҳукуматӣ бо Толибон дар волусволии Бала Мурғоб, воқеъ дар марзи Туркманистон, дасти кам 46 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд. Онҳо афзудаанд, ки дар ин задухурд ҳавопаймоҳои низомии НАТО ба кумаки нерӯҳои ҳукуматӣ расидаанд.

Неруҳои байнулмилалии таъмини амнияти таҳти фармони НАТО ширкати ҳавопаймоҳои низомӣ дар ин задухурдро таъйид карданд ва аммо гуфтанд, ки тибқи иттилоъи онҳо, дар задухурд 10 тан аз толибон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG