Пайвандҳои дастрасӣ

Груевский аз пирӯзии ҳизбаш хабар дод


Никола Груевский, сарвазири Македония дар бораи пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи парлумонии кишвар хабар дод. Ӯ гуфт, Ҳизби ростгаро барои соҳиб шудан ба бештари курсиҳои парлумони дорои 120 ҷой раъӣҳои заруриро ба даст овардааст. Сарвазири Македония аз хушунат дар ҷараёни раъӣдиҳӣ ва кушта шудани як нафару ҷароҳат бардоштани 8 каси дигар изҳори таассуф кард ва аммо афзуд, ки ин "маъракаи сиёсӣ дар маҷмӯъ одилона ва ором сурат гирифтааст".

Комиссиюни Марказии интихоботии Македония баъди баршумурдани тақрибан ҳама баргаҳои раъӣ эълом дошт, ки Ҳизби ростгарои Никола Груевский тақрибан 48 дар сади раъӣҳоро соҳиб шудааст. Аз рақиби аслии ростгароҳо - Ҳизби сотсиал-демократӣ 23 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъӣ пуштибонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG