Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз вазъи маҳбасҳои Русия


Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар як номаи саркушода унвонии раиси Хадамоти Федеролии иҷрои ҷазо Юрий Калинин аз вазъи тоқатфарсои маҳбасҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Ҳомии ҳуқуқи башар Елена Санникова ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нома муаллифон ба он нукта ишора кардаанд, ки маҳбусон дар вазъи “шиканҷавор” нигаҳ дошта мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомоти Русия ислоҳи шароити зисти маҳбусонро талаб кардаанд. Зери нома, ба ҷуз Елена Санникова, ҳамчунин Михаил Кригер, Сергей Ковалёв, Юрий Самодуров, Александр Лавут ва дигар ҳомиёни ҳуқуқи башар имзо гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG