Пайвандҳои дастрасӣ

Австралия нерӯҳояшро аз Ироқ берун мекунад


Вазири дифоъи Австралия гуфт, ки тасмим дар бораи хуруҷи нерӯҳои кишвар аз Ироқ хело дер аз интизорот гирифта шудааст. Ҷоэл Фитсгиббон афзуд, ки барои артиши Австралия ҳузури ҳамзамон дар се минтақа – Ироқ, Тимори Шарқӣ ва Афғонистон басо сангин буд. Ахиран ҳукумати Австралия расман эълом дошт, ки ҳамаи тақрибан 500 низомии худро аз Ироқ берун мекунад. Хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ яке аз нуктаҳои асосии барномаи қаблазинтихоботии сарвазири Австралия Кевин Радд буд.

XS
SM
MD
LG