Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обро фурӯшем, нафурӯшем?


Профессор Яраш Пӯлодов - мудири Пажуҳишгоҳи ҳидротехник ва обёрии Тоҷикистон ба хабаргузории қирғизии Акипресс гуфтааст, ки захираҳои оби дар қаламрави ин ё он кишвар ташаккулёфта моли ҳамон давлат аст. Ба гуфтаи оқои Пӯлодов, аз ин лиҳоз захираҳои обе, ки дар кишвараш ташаккул ёфтааст, бояд ба Тоҷикистон манфиатҳои иқтисодӣ оварад.

Яраш Пӯлодов тазаккур додааст, ки таҳияи Конвенсияи об барои Осиёи Марказӣ ногузир аст. Вай афзудааст, зимни таҳияи ин Конвенсия бояд тавофуқномаҳои байнулмилалии марбут ба об мавриди истифода қарор гиранд.

Дар ин авохир захираҳои оби рӯдхонаҳои минтақа дар рушди сиёсиву иқтисодии соири кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муассир мебозанд. Султон Раҳимов, масъули раиси идораи наҷоти ҳавзаи Арал, мақарраш дар Душанбе, дар мавриди он ки оё матраҳ намудани фурӯши оби рӯдхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои фаромарзии он масъалаи имконпазир аст ё не, мегӯяд, ин масъалаи хеле муҳим, вале дар айни замон нозук аст. Вай гуфт, таври маълум 80 дарсади оби рудхонаҳои ҳавзаи Арал дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд, аммо ин ду ҷумҳурӣ миқдори камтарини обҳоро истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Султон Раҳимов, Ҳуқуқи байналмилалии об пешниҳод мекунад, кишварҳое, ки аз як манбаъ об мехӯранд, бояд ҳамкориро байни хуб тавсиъа диҳанд ва ҷиҳати истифодаи оби рӯдхонаҳо шартномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расонанд. Масъули идораи наҷоти Арал мегӯяд, Ҳуқуқи байналмилалии об принсипҳоеро муайян мекунад, ки давлатҳои соҳили рӯдхонаҳо кадом корҳоро амалӣ намоянд ва ҳалли кадом мушкилот бояд мадди назар гирифта шавад.

Султон Раҳимов тазаккур дод, ки соли 1998 як тавофуқнома дар мавриди истифодаи захоири обу барқи рудхонаи Сир ба имзо расидааст. Аммо, мегӯяд мавсуф, ҷонибҳои имзокунандаи ин шартнома онро пурра риоя намекунанд. Аз ин лиҳоз мушкилот пеш меояд. Ҳамсӯҳбатам гуфт, дар фасли сармо оби рӯдхонаҳо манзили зиёд ва заминҳои киштро зери об мегузорад ва ё Қирғизистону Тоҷикистон ба камбуди энержии барқ мувоҷеҳ мешаванд.

Аз Султон Раҳимов пурсидам, ки ба ҳар сурат Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди пулакӣ кардани оби рӯдхонаҳо барои кишварҳои фаромарзӣ омодаанд ё хайр? Ӯ гуфт, «дар маҷмӯъ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба пулакӣ кардани об омода нестанд. Ин масъала бояд ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гирад ва бо дарназардошти фикру ақидаи ҷонибҳо ҳаллу фасл гардад».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG