Пайвандҳои дастрасӣ

Шарбати "Шарбатҳо" ширинтар аз "сок Добрий"


Натоиҷи як пажӯҳиш оид ба шарбати зардолу, ки ахиран дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ҳокӣ аз он аст, ки дизайн ва бастабандии шарбатҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар муқоиса бо таъм ва сифаташон беҳбудии бештарро талаб мекунанд.

Ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар Тоҷикистон, созмоне, ки ин пажӯҳишро доир кардааст, натиҷаи мазкур гувоҳи он аст, ки ҳарчанд корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти хуштаъм ва баландсифат истеҳсол мекунанд, ки ҳатто аз маҳсулоти бархе ширкатҳои машҳури русӣ беҳтаранд, вале бастабандӣ ва дизайнашон таваҷҷӯҳи кам касеро ба онҳо дар дӯконҳо ҷалб мекунад. Ҷаноби Камолов мегӯяд, натиҷаҳои ин пажӯҳиш нишон дод, ки дизайн, бастабандӣ ва сарпӯш то чӣ андоза метавонад дар тасмимгирии муштариён барои хариди ин ё он маҳсулот таъсир бирасонад.

Тадқиқот дар мавриди он ки харидор чиро афзал мешуморад, дар чаҳорчӯби як барномаи (МБТ) мавсум ба “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” (Trade Promotion in Tajikistan) доир шуда, он ба ҷиҳатҳои зоҳириву дохилӣ ва органолептикӣ бунёд ёфта будааст. Яъне, аз ширкатдорони назарсанҷӣ пурсида шудааст, ки ба фикри онҳо намуди зоҳирии маҳсулот бояд чӣ гуна бошад, худи маҳсулот бояд чӣ гуна бошад, таъмаш, бӯяш, рангаш ва ғайра. Барои ин тадқиқот маҳсулоти ду ширкати қирғизӣ, як ширкатии русӣ ва укроинӣ ва ду ширкати тоҷикӣ: «Элита Истаравшан» ва «Шарбатҳо» интихоб шуда будаанд. Бар пояи натиҷаҳои назарсанҷӣ, пурсидашудагон баъд аз чашидани намунаҳо, ба шарбати ширкати тоҷикии «Шарбатҳо» баҳои баландтаринро сазовор донистанд, ҳарчанд маҳсулоти ин ширкат қабл аз таъмсанҷӣ ба хотири бастабандӣ ва дизайни на он қадар ҷолиб дар охири феҳраст меистодааст.

Ҳамчунин, натиҷаҳои назарсанҷӣ маълум кардааст, ки маъруфтарин ширкати истеҳсолкунандаи шарбат дар шаҳри Душанбе «Добрий»-и русӣ мебошад. Бастабандии шарбати ин ширкат низ ҷолибтарин ва беҳтарин дониста шудааст. Вале таъми шарбати «Добрий» ба кам касоне хуш омадааст.

Натиҷаҳои тадқиқоти доиршуда ҳокӣ аз он будааст, ки барои харидор табиӣ будани маҳсулот (85%-и пурсидашудагон), мӯҳлати истифодабарӣ (81%) ва нарх (75%) аҳамияти зиёд дорад, вале ҳаҷми бастабандӣ ва маъруфияти исми ширкат (бренд) барои харидор камтар муҳим будаанд. (мувофиқан 44% ва 46%-и пурсидашудагон). Тозатарин шарбат аз нигоҳи табиӣ маҳсулоти «Шарбатҳо» ва «Дессерт» эътироф гардидаанд.

Аксари пурсидашудагон ҳамчунин гуфтаанд, афзал мешуморанд, ки маҳсулоти дар банкаи шишагӣ бо сарпӯши твистӣ (43,4%) ва бастабандии коғазӣ бо сарпӯши твистӣ (20,8 %)-ро бихаранд.

Ҷаноби Камолов мегӯяд, бо такя ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш, ба масъулини корхонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати бештар қонеъ гардонидани харидорон бояд ба фикру андешаи онҳо ба маҳсулоташон ҷиддитар муносибат кунанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, агар харидор ба андозаи кофӣ қонеъ нагардад, афзоиши фоидаи ширкат низ мушкил хоҳад шуд. Ва аз ин рӯ, корхонаҳои тавлидкунандаи шарбати Тоҷикистонро зарур аст, ки ба завқ ва хостаҳои муштариён бештар таваҷҷӯҳ намоянд ва бояд сари тавлиди маҳсулоти баландсифат ва камарзиш биандешанд, гуфт раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG