Пайвандҳои дастрасӣ

Никола Груевски, нахуствазири ҷумҳурии Мақдуния, иддао дорад, ки ҳизби вай дар интихоботи парлумонии рӯзи якуми июн аксари овозҳоро ба даст овардааст.

Груевски мегӯяд, ки ҳизби марказ ва ростгарои вай дар парлумони кишвараш, ки аз 120 курсӣ иборат аст, 60 курсиро ба даст овардааст.

Ин дар ҳолест, ки интихоботи парлумонии рӯзи якуми июни Мақдуния бо хушунату тақаллубкориҳо ҷараён гирифт. Тибқи хабарҳои охир, дар пайи хушунатҳо, як нафар кушта ва 8 кас захмӣ шудааст. Аксар бенизомиҳо дар манотиқи маскунии аққалияти албанитабор ба мушоҳида расид. Мақомот амр доданд, ки дар 22 нуқтаи раъйдиҳии манотиқи хушунатзада, ки ҷамъан 1 % овоздиҳандагон дар он зиндагӣ мекунанд, ҷараёни раъйдиҳӣ мутаваққиф шавад.

Ёван Ёзифовски, раиси комиссиюни интихоботии Мақдуния дар изҳороти худ гуфт, баъди ҳисоби 82,63 фоизи баргаҳо бармеояд, ки беш аз 48 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдории ҳизби марказ ва ростгаро овоз додаанд ва сотсиал-демократҳо - рақибони аслии онҳо беш аз 22 дар сади раъйҳоро аз они худ кардаанд. Дар мақоми сеюм, тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, Иттиҳоди демократии албаниҳо барои ҳамраъйӣ бо беш аз 11 дар сади овозҳо ва баъдан ҳизби демократии албаниҳо бо беш аз 10 дар сад қарор гирифтаанд.

Ин соатҳо садҳо тарафдорони ҳизби нахуствазир Груевски дар майдони марказии пойтахт - шаҳри Скопйе рехта, пирӯзии худро таҷлил мекунанд. Дар суханронии шодбошии худ хитоб ба тарафдоронаш нахуствазир гуфт: "Мақдуния тавони пеш рафтанро дорад. Ин кишвар дорои нирӯи созанда барои пешрафт ва узвият дар ҳайати НАТОву Иттиҳодияи Аврупо мебошад". Бо изҳори таассуф аз вуқуи хушунатҳо дар манотиқи албанинишин вай гуфт, ки интихобот ғолибан дар фазои сулҳомез ва одилонаву бидуни тақаллуб ҷараён гирифт.

Аммо дар ин замина, нозирони ғарбӣ назари дигар доранд. Аксари онҳо аз хушунатҳои рӯзи интихобот ва кушта шудани як нафар изҳори таассуф карданд. Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Мақдуния Эрван Фуере дар Скопйе дар соатҳои охири раъйдиҳӣ гуфт:

"Барои хушунату таҳдидҳое, ки имрӯз ба вуқӯъ пайваст, дар як ҷомеаи демократӣ ҷо нест. Он чи ки рӯй дод, мояи нигаронии ҷиддӣ аст. Ва мо ба ҳама ҷонибҳои дахил муроҷиат карда тақозо мекунем, ки барои шаҳрвандоне, ки хоҳиши ширкат дар интихоботро доранд, чунин имкониятро фароҳам оваранд".

Дар пайи хушунатҳои рӯзи якуми июн полис беш аз 20 нафарро боздошт кардааст.

Раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Радмила Секеринска рақиби худ Груевскиро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик, аммо аз наҳваи баргузории интихобот интиқод кард. Вай гуфт, ки қимати ин маъракаи сиёсӣ, ки ҷони як нафарро гирифт, хеле баланд буд ва ин қобили қабул нест.

Мақдуния умед дорад, ки бо интихоботи ахир ҳукумати ин кишвар қавитар гашта, роҳи онро ба Иттиҳодияи Аврупо ҳамвор хоҳад кард. Масъалаи масдуд шудани роҳи Скопйе ба самти паймони низомии НАТО аз ҷониби Юнон, ки бо исми Мақдуния мухолифат дорад, мояи дигари ташвиши ин кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG