Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи музокироти СММ бо Эрон


Имрӯз дар Вена, дар Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ музокироте роҷеъ ба барномаи атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад. Нишасти раҳбарони ин оҷонс дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран ин Оҷонси вобаста ба СММ дар гузорише гуфт, кулоҳакҳои ҳастаии тавлиди Эрон мояи нигаронии ҷиддӣ мебошад. Рӯзи якшанбе вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки Теҳрон метавонад доираи ҳамкориҳояшро бо ин оҷонс маҳдуд кунад. Сухангӯи ин вазорат Муҳаммадалии Ҳусайнӣ гуфт, ки Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ "метавонист гузориши беҳтаре ба нашр расонад ва зимни иншои он таҳти таъсири идомаёбандаи як ё ду кишвари маълум намонад".
XS
SM
MD
LG