Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ив Сен Лоран


Яке аз маъруфтарин тарроҳони либос Ив Сен Лоран дар Париж, дар синни 71-солагӣ даргузашт. Оқои Лоран дар баробари Кристиан Диор ва Коко Шанел аз поягузорон ва номбардорони маъруфи мӯди қарни 20-ум шинохта мешуд. Бо сабаби бемориаш вай соли 2002 аз машғулияти асосиаш канор рафта бознишаста шуд ва кам андар кам дар мазҳари ом пайдо мешуд. Дар баробари анвои либос вай инчунин муаллифи чандин атру ороишоти маъруфи занона мебошад.
XS
SM
MD
LG