Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Аббос ва Олмерт


Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт имрӯз бояд барои баррасии шарту шурути таъсиси давлати Фаластин ташкили ҷаласа кунанд. Ин дар ҳолест, ки Аббос ният дорад, дар робита бо изҳороти рӯзи якшанбеи Олмерт, ки гуфтааст, 900 манзили навро барои яҳудиҳо дар Байтулмуқаддас бино хоҳад кард, як "эътирози азим" хоҳад кард. Мулоқоти ду раҳбар қабл аз шурӯи сафари серӯзаи Олмерт ба Вашингтон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG