Пайвандҳои дастрасӣ

Муоинаи тибии Парвизи Комбахш


Як додгоҳе дар Афғонистон ҳукм кард, ки донишҷӯи риштаи хабарнигорӣ, ки барои тавҳини Ислом маҳкум ба марг шудааст, бояд мавриди муроқибати тиббӣ қарор гирад. Чунин ҳукм баъди он содир шуд, ки вакили мудофеи Сайид Парвизи Комбахш гуфт, шахси мавриди ҳимояти вай бар асари шиканҷа дар зиндон ниёзманди муоина ва кӯмаки тиббӣ шудааст. Оқои Комбахш, ки 24 сол дорад, соли гузашта дар Балх боздошт ва аз ҷониби додгоҳи маҳаллӣ ба марг маҳкум шуд. Ин додгоҳ ҳукм кард, ки хабарнигори ҷавон барои нашри бахше аз мақолае, ки мавзӯи ҳуқуқи зан дар Исломро зери суол мебарад, бояд эъдом шавад. Ин ҳодиса мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG