Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои пирӯзии ҳизби нахуствазири Македония


Никола Груевски, нахуствазири Македония иддао дорад, ки ҳизби вай дар интихоботи пеш аз мӯҳлат баранда шудааст. Груевски мегӯяд, ки ҳизби марказ ва ростгарои вай дар парлумони иборат аз 120 курсӣ 60 курсиро ба даст овардааст. Интихоботи парлумонии рӯзи якшанбеи Македония бо хушунату тақаллубкориҳо ҷараён гирифт. Раиси ҷумҳурии ин кишвар Бранко Чрвенковски аз хушунатҳои сарзада, ки мунҷар ба марги як нафар шуд, изҳори таассуф кард. Ҳодисаҳои тирандозиву бархӯрдҳо ғолибан дар маҳалҳои зисти аққалияти албанинитабор ба мушоҳида расид. Ҳизби албании Иттиҳоди демократии ҳамраъйӣ гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро дар маҳалҳое, ки бенизомиҳо мушоҳида шудааст, эътироф нахоҳад кард. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба ташкили раъйдиҳии дигарбора дар ин маҳалҳо даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG