Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз раъйдиҳандагони Македония(Мақдуния) Маҷлиси қонунгузори нави кишварро интихоб мекунанд.

Ин маъракаи пеш аз муҳлат ҳамчун кӯшиши дигари беруншавии ин кишвари сарбастаи нимҷазираи Балкан аз буҳрони сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир тақрибан чаҳоряки аҳолии Македонияро албанитаборон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни маъракаи тарғибу ташвиқ ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доштанд, ки инъикоси роҳи душвори Македония барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони NATO номида шудааст. Субҳи якшанбе баъди тирпарронӣ дар шаҳри Арачиново, воқеъ дар шарқи Скопйе, пойтахти Македония, раъйдиҳӣ мутаваққиф гашт. Тирпарронии дигар дар яке аз мактабҳои маҳаллаи албанинишини Скопйе, ки ҳамчун ҳавзаи интихоботӣ мавриди истифода қарор гирифта буд, ба вуқӯъ пайваст. Сокини ин маҳалла Ванко Стояновитский мегӯяд: "Аз Калашников тир кушоданд. Пулис онҳоро боздошт намуд. Онҳо панҷ ё шаш нафари мусаллаҳ бо силоҳи мусалсал ва гулулаандоз буданд".
Хабаргузории давлатии Македония дар бораи хушунат дар давраи интихобот иттилоъ дода, афзудааст, ки афроди номаълум ба дохили як табархонаи холӣ маводди тарканда ҳаво додаанд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ҳам чандин ҷанҷоли гурӯҳҳои рақиби албанитабор ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷараёни овоздиҳии рӯзи 1-уми июн дар Македония як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ гаштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишвар саъй дорад ба воситаи интихоботи пеш аз муҳлати Маҷлиси қонунгузор аз буҳрони сиёсӣ берун шавад.
На ҳама дар Мақдуния тарафдори ба NATO пайвастани кишвар мебошанд
Аслан сабаби интихобот ихтилоф рӯи узвияти ин кишвар дар паймони NАТО ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
Моҳи апрел бо умеди дарёфти аксарияти комили ҳизби марказ- ва ростгарои зери раҳбариаш сарвазири Македония Никола Груевскӣ эълон кард, ки дар ин кишвар интихоботи пеш аз муҳлати Маҷлиси қонунгузор доир хоҳад шуд.
Қарори даъвати интихоботи пешакӣ баъди чанд ҳодисае қабул шуд, ки мавҷудияти эътилофи ҳокимро зери суъол гузошт.
Ихтилофи аввал дар масъалаи эътирофи расмии Косово ба вуқӯъ пайваст. Моҳи феврал Косово истиқлолаш аз кишвари Сербияи ҳамсояро эълон кард. Ҳукумати Македония ҳеҷ хоҳиш надошт Косоворо ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф кунад. Аз ин рӯ, дар моҳи март яке аз ҳизбҳои муттафиқи Груевскӣ аз эътилофи ҳоким берун шуд.
Сипас дар моҳи апрел Юнон садди роҳи вуруди Македония ба паймони NATO гардид. Юнон талаб дорад, ки номи Македония тағйир дода шавад, чунки Македония ва ё Мақдуния номи таърихан маъруфи як вилояти Юнон аст.
Соли 1991 ин кишвар бо номи Ҷумҳурии собиқ югославии Македония ба узвияти СММ пазируфта шудааст.
Ҳамин тариқ имрӯз вақте райъдиҳандагони Македония ба овоздиҳӣ мераванд, дар зеҳни онҳо масъалаҳои Косово ва NATO чарх мезананд. Ҳизби Груевскӣ аз раъйдиҳандагон даъват кардааст, ки ифтихори миллиро аз даст надиҳанд ва ба фишори хориҷӣ низ сар хам накунанд. Ин ҳизб мегӯяд, ки номи кишварро тағйир намедиҳад ва бо татбиқи ислоҳот роҳи вуруди Македония ба Иттиҳодияи Аврупоро боз мекунад.
31-уми май М. Груевскӣ дар шаҳри Струмитса дар ҷамъи мардум, аз ҷумла, гуфт: "Аз қарорҳои нав натарсед. Аз масъулият натарсед. Аз ҳалли масъалаҳое, ки даҳҳо сол инҷониб шуморо азият медиҳанд, натарсед! Шумо ҳақ доред ватанатонро дӯст доред. Шумо ҳақ доред ватандор бошед ва бо ифтихор ба Аврупо дохил шавед".
Тавре пажӯҳишгарони назари умум мегӯянд, даъватҳои Груевскӣ дар дили аксари раъйдиҳандагон ҷой ёфтаанд. Тибқи пешбиниҳо, ҳизби ӯ наздик ба 31% раъйҳоро касб хоҳад кард.
Ҳизбҳои рақиб: Иттиҳоди сотсиал-демократи хонум Радмила Шекеринска ва ду ҳизби албанитаборон аз пуштибонии камтари раъйдиҳандагон баҳраманд мебошанд.
Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ҳодисаҳои хушунат ҷой доштанд. Рақобати ҳизбҳои албанитаборон бо тирпарронӣ ва партоби норинҷак сурат гирифт.
Рӯзи якшанбе амнияти ҳавзаҳои интихоботии Македонияро 13 000 афсари полис таъмин менамуданд. Ҳамчунон 6200 нозири маҳаллӣ ва 500 нозири байнулмилалӣ рафти интихоботро муроқибат мекунанд.
Раъйдиҳии 1 800 000 сокини воҷиди шароити раъйдиҳӣ дар интихобот то соати 10-и шаби якшанбе ба вақти Тоҷикистон идома мекунад.
XS
SM
MD
LG