Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи сарбозони Австралия аз Ироқ оғоз ёфт


Имрӯз хуруҷи наздик ба 500 сарбози Австралия аз пойгоҳашон, воқеъ дар ҷануби Ироқ, оғоз ёфт.
Ин амал бар пояи ваъдаи сарвазири Австралия Кевин Рад сурат мегирад. Пеш аз интихобаш ӯ ваъда дода буд, ки соли равон сарбозони ин кишварро ба ватан бармегардонад. Дар изҳороти ҳукумати Австралия гуфта мешавад, ки сарбозони ин кишвар дигар дар амалиёти ҷангӣ иштирок нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG