Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Ходорковский баҳс шуд


Маҷаллаи олмонии Шпигел гузориш медиҳад, ки аснои сафар ба Маскав вазири корҳои хориҷии ин кишвар Франк-Валтер Штейнмейер бо вакили мудофиаи соҳибкори сарватманди рус Михаил Ходорковский вохӯрдааст. Маҷаллаи олмонӣ меафзояд, Штейнмейер имкони интиқоли Ходорковский ба яке аз маҳбасҳои Маскавро арзёбӣ кард.
Ходорковский соли 2003-ум ба ҳабс гирифта шуд ва аз он замон то кунун дар яке аз зиндонҳои минтақаи Сибир ба сар мебарад. Баъзе шореҳон бар ин назаранд, ки даъвоҳои сиёсии Ходорковский Кремлро ба ғазаб оварда буд ва ҳабс муҷозоти ин амал аст.
XS
SM
MD
LG