Пайвандҳои дастрасӣ

Алии Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон


Имрӯз вакилони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Алии Лориҷониро раиси ин ниҳоди қонунгузор интихоб намуданд.
Ин интихоби дуюми Лориҷонӣ ба ин мансаб аст. Ҳафтаи равон қонунгузорони эронӣ Лориҷониро муваққатан ба мансаби раиси Маҷлис интихоб карда буданд.
Бар пояи гузоришҳои расонаҳои эронӣ аз 290 вакили мардумӣ дар овоздиҳӣ 259 нафар иштирок намуданд ва аз байни онҳо 237 кас ба тарафдорӣ аз Лориҷонӣ раъй додаанд. Чанде пеш бо ишора ба ихтилофи назар бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Лориҷонӣ аз вазифаи раиси ҳайъати музокирокунандаи барномаи ҳаставии Эрон даст кашида буд. Шореҳон Лориҷониро рақиби эҳтимолии Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG