Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон: Русия Абхозистонро аз худ карданист


Гурҷистон Русияро бо кӯшиши аз худ намудани минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони ин кишвар муттаҳам кард. Муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон Григол Вашадзе мегӯяд, қарори Русия дар мавриди ирсоли нерӯҳои бидуни силоҳ барои тармими роҳи оҳани Абхозистон яке аз "иқдомҳои султаҷӯёнаи Русия" аст. Маскав ин амалро "кумаки башардӯстона" унвон додааст. Дар ин байн сарвазири Русия Владимир Путин иброз дошт, пешниҳоди президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар масъалаи тақдими мухторияти бештар ба Абхозистон "барномаи дуруст" мебошад. Баҳс рӯи Абхозистон Русияро дар муқобили кишварҳои ғарб қарор додааст, зеро онҳо аз вуруди Гурҷистон ба паймони НАТО пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG