Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Африқои ҷанубӣ 62 муҳоҷирро куштаанд


Пулиси Африқои ҷанубӣ мегӯяд, дар асари ҳамалоти бегонаситезона дар кишвар тайи 3 ҳафтаи охир 62 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи пулис Салли де Бир гуфт, ин ҳамалот ҳамчунин 670 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ҳамлаи мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамҷавори африқоӣ ва ҳам аз Покистону Ҳинду Чин 3 ҳафта пеш дар шаҳраки Александра, як минтақаи фақрзада дар канори Йоҳаннесбург, пойтахти Африқои ҷанубӣ, оғоз ёфт.

Ин ҳамалот боис ба он шуд шуд, ки ҳазорон тан аз муҳоҷирин аз тарси ҷон ба кишварҳои ҳамсоя ва ё ба урдугоҳҳои изтирорӣ паноҳ бубаранд.

XS
SM
MD
LG