Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар: авоқиби напазируфтани кумакҳои башарӣ


Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ (аз рост), ҳангоми суҳбат бо осебдидагони тӯфон
Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ (аз рост), ҳангоми суҳбат бо осебдидагони тӯфон

Хунтаи Мянмар аз вуруди кумакҳои зарурии башарӣ барои мардуми осебдида аз тӯфони шадиди "Наргис" ҷилавгирӣ мекунад.

Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс дар анҷумани амниятии минтақавӣ дар Сингапур гуфт, ки мониъагузории мақомоти низомии Мянмар дар роҳи таҳвили кумакҳои байнулмилалии хайрия ба мардуми осебдида аз тӯфони «Наргис» боъис шуда, ки даҳҳо ҳазор нафар ба зиндагӣ падруд бигӯянд.
Интиқоди шадиди Амрико аз хунтаи низомии Мянмар дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар гузоришҳои расида, мақомоти Мянмар ба ихроҷи хонаводаҳои бесарпаноҳ аз урдӯгоҳҳои муваққате, ки мақомот дар манотиқи аз тӯфони «Наргис» осебдида дуруст карда буданд, оғоз кардаанд.
Тӯфони пурқурбонии «Наргис» 2-вуми маи соли ҷорӣ собиқ, фурӯ рехт. Роберт Гейтс , аз ҷумла мутазаккир шуд, ки киштиҳову ҳавопаймоҳои Амрико барои кумак дар амри рафъи авоқиби тӯфони «Наргис» омода буданд, аммо режими Мянмар монеъи таҳвили кумакҳои Амрико ва хеле аз кишварҳои дигар ба мардуми осебдида шудааст.
Роберт Гейтс дар Сингапур ҳамчунин гуфт: “Давлатҳое, ки бо Мянмар кор гирифтанд, дар ин амр, ки онҳоро ба иттихози як мавзеъгирии дуруст дар қиболи мардуми худ маҷбур кунанд, нуфузи ночизе доштанд ва ё умуман нуфузе надоштанд. Ва ин барои ман чандон равшан нест. Мо дар давоми ин буҳрон, дар ҳақиқат, чандин бор ба мақомоти Мянмар муроҷиъат кардем ва ба таври мустақим, аз ҷумла тавассути эъзоми адмирал Тимотӣ Критинг ба Рангун. Мо ба раҳбарияти Мянмар 15 маротиба муроҷиъат кардем, ки роҳҳоро боз кунанд. Аз ин рӯ, ин тақсири мо набуд, ки худро дар қиболи хостҳои ҷомиъаи байнулмилалӣ гунгу кар гирифта бошем. Айби худи давлати Мянмар буд. Мо ба такрор муроҷиъат мекардем, вале онҳо ҳатто боре дастони худро аз ҷайб берун наоварданд”.
Ҳатто чунин кӯдакони бе волидайну бе сарпаноҳ монда низ аз дарёфти кумакҳои башарият маҳрум шудаанд
Вазири дифоъи ИМА афзуд, ки бо вуҷуди мониъагузориҳои мақомоти Мянмар, Амрико ироъаи кумакҳояш ба он кишварро идома медиҳад ва омода ҳаст, мизони ёриҳояш ба осебдидагонро бештар ҳам кунад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳои расида, мақомоти Мянмар ба ихроҷи хонаводаҳои дар асари тӯфони «Наргис» бесарпаноҳмонда аз урдӯгоҳҳои муваққат оғоз кардаанд.
Теҳ Тай Ринг, намояндаи ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ, гуфт, 8 урдӯгоҳи воқеъ дар ҳошияи шаҳри Догалай комилан холӣ карда шудаанд. Хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» аз қавли ин намоянда менависад, ки мақомоти Мянмар мардумро ба рустоҳои атроф мекӯчонанд. Вале ЮНИСЕФ мегӯяд, ин хабар бар пояи гузоришҳои тасдиқношудаи кормандони имдодӣ нашр шудааст.
Мақомоти СММ гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир хабари баста шудани урдӯгоҳҳоро тасдиқ карда наметавонанд, вале изҳор доштаанд, ки ҳар навъ талоши иҷборан ба манзилҳояшон кӯч додани қурбониёни тӯфони «Наргис» ғайри қобили қабул аст.
Анупама Рао Сингҳ, намояндаи дигари ЮНИСЕФ, дар як нишасти хабарӣ дар Бангкок, пойтахти Таиланд, гуфт, бояд ҳанӯз то кӯчонидани осебдидагон ба манзилашон дар он манотиқ як шароити қаноъатбахшеро ба вуҷуд овард: “Онҳо бояд нисбат ба кормандони имдодӣ хеле боназокат бошанд, чунки мо ба хатари воқеъии мавҷи дувуми маризиҳову офатҳо рӯбарӯ мешавем”.
Мақомоти СММ инчунин аз вуҷуди мавонеъи зиёди девонсолорӣ дар роҳи вуруди кормандони муассисаҳои имдодӣ шикоят карда, аз хунтаи Мянмар хостаанд, вуруди ситоди 30-нафарии Кумитаи байнулмилалии «Салиби сурх»-ро ба кишвар иҷоза диҳад. Дар ҳамин ҳол, кормандони «Салиби сурх» то кунун мунтазири дарёфти виза ё худ ҳаққи раводид ба Мянмар нишастаанд.
Ҷомиъаи байнулмилалӣ ба осебдидагон дар Мянмар ба андозаи 150 миллион доллар ваъдаи кумакҳои оҷил кардааст. Вале матбуъоти давлатии он кишвар ба интиқоди донорҳо пардохта, менависад, хунта барои эъмори дубораи кишвар ба 11 миллиард доллар сармоя ниёз хоҳад дошт. Рӯзномаи “Мянмар аҳлин” навиштааст, рӯзи онҳое, ки аз тӯфони «Наргис» ҷон ба саломат бурдаанд, бидуни “шоколадҳо”-и ҷомиъаи байнулмилалӣ ҳам мегузарад.
XS
SM
MD
LG