Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз пешниҳоди Тифлис ҷонибдорӣ кард


Сарвазири Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзномаи фаронсавии “Монд” гуфтааст, ки ӯ тарҳи Гурҷистонро, ки дар ивази эътирофи ҳукумати Тифлис ироаи мухторият, вале на истиқлолияти комил ба Абхозистонро дар бар мегирад, қабул дорад. Путин ин тарҳи пешниҳодиро дуруст номид, вале гуфт, онро бояд Абхозистон бипазирад.

Аммо мақомоти Абхозистон, ки Маскав аз онҳо пушитибонӣ мекунанд, тарҳи Тифлисро билофосила радд кардаанд.

XS
SM
MD
LG