Пайвандҳои дастрасӣ

Швейтсария ба Тоҷикистон 1 миллион $ кӯмак кард


Швейтсария ба хотири кӯмак ба рафъи авоқиби бӯҳроне, ки сардиҳои имсола пеш оварданд, ба Тоҷикистон 1 миллион доллар кӯмак ҷудо кардааст. 320 000 доллар аз ин маблағ тавассути Ожонси ҳамкориҳои Швейтсария сарфи барномаҳои кӯмак ба манотиқи осебпазири ноҳияи Мӯъминобод мешавад.

107 000 доллари дигар дар барномаҳои созмони Оксфам ба хотири беҳбуди шабакаҳои обрасонии ноҳияи Кӯлоб харҷ хоҳад шуд. Як бахши кӯмакҳои Швейтсария барои такмили амбори захираи кӯмакҳои СММ дар назар дошта шудааст.

Сардиҳои имсола ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи миллион доллар хисорот овард.

XS
SM
MD
LG