Пайвандҳои дастрасӣ

Замони даъвати баҳорӣ то 15 июн тамдид шуд


Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев зимни боздид аз вилояти Бадахшон гуфт, бо дархости ӯ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон замони даъвати баҳорӣ ба суфуфи артишро то 15 рӯзи дигар тамдид кардааст. Ибтидо қарор буд, ин маърака рӯзи 31 май ба поён бирасад.

Нақшаи аскаргирӣ танҳо дар вилояти Бадахшон 500 нафарро дар бар мегирад, вале то кунун дар ин вилоят ҳамагӣ 340 нафар ба сафи артиш сафарбар шудаанд.

Кумиссари низомии Бадахшон Давлат Чоршанбиев гуфт, ки онҳо нақшаи аскаргириро то 15 июн ҳатман иҷро хоҳанд кард.

Аммо набуди шароити муносиби зиндагӣ ва хидмат дар ҷувутомҳои низомӣ ва вуҷуди мавориди фаровони бадрафторӣ нисбат ба сарбозон як далели аслии аз хидмат сарпечӣ кардани ҷавонон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG