Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб мехоҳад байни Маскаву Тифлис миёҷигӣ кунад


Бино ба хабарҳо, кишварҳои ғарбӣ ба талошҳо ба хотири оддӣ сохтани равобити байни Русияву Гурҷистон, ки бар сари масъалаи минтақаи ҷудоиталаби Абхозистон ба таниш печидаааст, омодагӣ мебинанд. Интизор меравад, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Хавйер Солана ҳафтаи оянда аз Гурҷистон ва Абхозистон дидан кунад.

Дар айни ҳол, сафари муовини вазири хориҷаи Амрико Меттю Бриза ба Маскав низ дар назар будааст.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа, 30 май, дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста вазъи пешомада дар минтақа дар пайи суқути ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистон дар осмони Абхозистон дар таърихи 20 апрелро баррасӣ кардааст. Бар асоси гузориши нозирони СММ, ин ҳавопайморо нирӯҳои ҳавоии Русия суқут додаанд. Аммо Маскав инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG