Пайвандҳои дастрасӣ

Ба 7 соли зиндон маҳкум шудани генерали хорват


Додгоҳи Хорватия генерали пешин Мирко Норачро бо ҷурми даст доштан дар куштори ҷамъии аҳолии ғайринизомӣ ва маҳбусони серб дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Аммо додгоҳ генерали дигар Раҳим Адимиро, ки низ дар чаҳорчӯби ҳамин парванда муҳокима мешуд, сафед кардааст.

Мирко Норач ва Раҳим Адимӣ дар куштори 23 ғайринизомӣ ва 5 асири серб дар соли 1993Б дар ҷараёни ҷанги байни сербҳову хорватҳо муттаҳам мешуданд.

Ин нахустин парвандае буд, ки муҳокимаашро додгоҳи байналмилалии Ҳейг ба Хорватия вогузор кардааст. Ин мурофиа имтиҳони низоми додгоҳии Хорватия дар остонаи пешниҳоди узвияти Иттиҳодияи Аврупо ба ин кишвар низ арзёбӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG