Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Чин 190 000 нафарро аз Ёксуан кӯчониданд


Мақомоти Чин беш аз 190 000 нафарро аз манотиқи атрофи маркази заминларзаи пурқурбонии рӯзи 12 май кӯч додаанд.

Ба сокинони шаҳри Ёксуан дастур дода шудааст, ба хотири ҳифзи ҷони худ аз хатари селоб ба манотиқи баладкӯҳ бикӯчанд.

Дар пайи заминларза ярчу кӯчидани хок пеши роҳи чанд дарёи ин минтақаро баста, як кӯли сунъиеро ба вуҷуд овардааст, ки дар сурати рахна шудани сарбандаш метавонад манотиқи аҳолинишини атрофро бо хатар рӯбарӯ кунад.

Дар асари заминларзаи рӯзи 12 май дар вилояти Сичуани Чин наздики 69 000 нафар ҷони худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG