Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди сахти Р.Гейтс аз хунтаи Мянмар


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, мониагузории мақомоти хунтаи низомии Мянмар дар роҳи кӯмакҳои байналмилалӣ ба осебдидагони тӯфони Наргис, ки рӯзи 2 май болои Мянмар фурӯ рехт, мунҷар ба даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ шудааст. Роберт Гейтс, ки дар як анҷумани амниятии минтақа дар Сингапур суханронӣ мекард, гуфт, режими Мянмар монеъи таҳвили кӯмакҳои хайрияи Амрико ва кишварҳои дигар ба қурбониёни тӯфони Наргис шудааст.

Мақомоти Мянмар мегӯянд, ин тӯфон 78 000 нафарро кушта бар ҷой гузошт ва тақрибан 56 000 нафари дигар то ҳол беномунишон боқӣ мемонанд. Шумори онҳое, ки дар асари ин офати табиӣ бесарпаноҳ мондаанд, беш аз 2 миллион нафар баровард шудааст.

XS
SM
MD
LG