Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи хайрбодӣ ба подшоҳи Непал


Ҳукумати Непал имрӯз расман ба шоҳи барканоршуда Гиянендра ҳалнома дод, ки дар 14 рӯзи оянда кохи подшоҳиро тарк кунад. Ин иқдом ба дунболи қарори порлумони таҳти назорати маоистҳо сурат гирифт, ки рӯзи чаҳоршанбе шоҳигарии 240-солаи ҳиндутабори Непалро барҳам дод. Мақомоти расмӣ мегӯянд, қасри шоҳ ба осорхона миллӣ табдил дода хоҳад шуд. То ҳол посухи шоҳ, ки аз рӯи анъана, баргузидаи худои ҳиндии Вишну мебошад, шунида нашудааст.
XS
SM
MD
LG