Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як долларе, ки ҳафт доллар меорад


Томас Тейт, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонгардии иёлати Невадаи Амрико зимни як нишаст дар Душанбе адами итилоот дар бораи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷи дур, мавҷудияти низоми шадиди раводид ва адами сохтори давлатии махсуси ҷахонгардиро мавонеъи аслии рушди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ҳисобид.

Оқои Тейт гуфт, Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет барои ҷалби сайёҳон сомона надорад, ки аз он сайёҳон дар бораи ин кишвар маълумот бигиранд. Ба қавли оқои Тейт, дар кишварҳое, ки соҳаи сайёҳии рушдёфта доранд, барои сайёҳон низоми раводид вуҷуд надорад ва ё тарзи соддаи раводид роҳандозӣ шудааст, вале низоми раводиди Тоҷикистон монеъи ворид шудани сайёҳон ба ин кишвар мегардад. Оқои Тейт гуфт, ҳар як сайёҳ барои раводид гирифта, ба Тоҷикистон ворид шудан, то 45 рӯз интизор мемонад, ки чунин мӯҳлати дароз барои раводид гирифтан сайёҳонро аз ворид шудан ба Тоҷикистон дилсард месозад.

Оқои Тейт гуфт, дар Тоҷикистон ягон ниҳоди махсуси ҷаҳонгардӣ вуҷуд надорад, ки ба рушди сайёҳат мусоидат кунад. Вай гуфт, дар Тоҷикистон вазифаи чунин як ниҳодро вазорати умури хориҷа, вазорати молия ва вазорати иқтисоду кумитаи ҷавонону варзиш иҷро мекунанд, ки чунин ҳолат намегузорад, соҳаи сайёҳӣ пешрафт бикунад.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон имконоти аслӣ барои рушди сайёҳӣ, аз қабили мавзеъҳои зебою маконҳои қадимӣ ва таърихи ғанию фарҳанги қадима мардуми хушмуомила дорад.

Ба қавли оқои Тейт, дар сурати рафъи монеъаҳо рушди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон таъмин шуда, ҷойҳои кории нав пайдо гардида, мардуми зиёде бо ҷои кор таъмин мешаванд ва ин кишвар соҳиби миллиардҳо доллар даромади ҳангуфте мешавад. Вай мегуяд, ҳар як долларе, ки аз ҳисоби соҳаи сайёҳат вориди Тоҷикистон мешавад, 7 доллари дигар ба Тоҷикистон фоида меорад. Оқои Тейт гуфт, хулосаи таҳқиқоти худро ба тариқи тавсия ба ҳукумати Тоҷикистон ироа мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG