Пайвандҳои дастрасӣ

Швейтсария кӯмак мерасонад


Ҳукумати Швейсария ҷиҳати кӯмак ба Тоҷикистон дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони сарди имсол ва ҷилавгирӣ аз бўҳрони эҳтимолии энержӣ дар оянда тақрибан як миллион доллари ИМА тахсис додааст.

Бино бар иттилоъи созмони намояндаи ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон мавсум ба СЕКО ин маблағ бад ин тариқ масраф хоҳад шуд:

• 320.000 доллар ба лоиҳаи Созмони ғизо ва кишоварзӣ (FAO) ҷиҳати таъмин бо маводи зарурии кишоварзӣ, хўрокворӣ барои чорво, хадамоти тиббӣ барои ҷонварон ва баргузории давраҳои омӯзишӣ барои хоҷагиҳои осебпазир ва аз сардиҳои зимистон бештар зарардидаи ноҳияи Mўминободи вилояти Хатлон;

• 107.000 доллар ба ду лоиҳаи OXFAM оид ба беҳтар гардонидани хадамоти тиббӣ ва обтаъминкунӣ дар ноҳияи Кўлоб;

• 67.545 доллар ба лоҳиаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба таъсиси низоми огоҳикунии пешакӣ аз хатари обхезиҳо ва фурўравии кўҳҳо.

• 321.000 доллар ба лоиҳаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба коҳиши таъсири сардиҳои шадид ба саломатии аҳолӣ тавассути тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва омода намудани идораҳои тиббӣ ба офатҳои табиӣ.

Иловатан, Ҳукумати Швейтсария тасмим гирифтааст, ки ба Вазорати беҳдошти Тоҷикистон 6 адад беморхонаҳои сайёрро бо арзиши тақрибан 700.000 доллари ИМА барои ҷойгиркунӣ дар марказҳои ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамчун як қисми таркибии омодагӣ ба офатҳои табиӣ бисупорад.

XS
SM
MD
LG