Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1,2 миллиард барои мубориза бо бӯҳрони ғизо


Роберт Зуллик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ

Роберт Зуллик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ барномаеро ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар барои кӯмак ба кишварҳои мувоҷеҳ ба мушкили озуқа муаррифӣ кард.

Роберт Золик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, 200 миллион доллари ин барнома ҳамчун грант ё кумаки билоиваз ба фақиртарин кишварҳои олам ироа хоҳад шуд. Зимнан, ин маблағ барои ниёзмандиҳои фаврӣ, аз ҷумла, таъмини занони ҳомиладор ва мактабиён бо ғизо пешбинӣ шудааст. Кумаки дарозмуддат ба ҳайси кумак ба соҳибкорони бахши кишоварзӣ ироа хоҳад шуд ба хотири таъмини онҳо бо тухмӣ ва нуриҳо, яъне бо ҳадафи дарёфти ҳосили фаровон дар оянда.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки ин тарзи кумак назар ба содироти озуқа дар коҳиш додани бӯҳрони шадиди ғизо самари бештар хоҳад овард. Бонк ҳамчунин эълом дошт, ки соли оянда кумак ба бахши кишварзӣ ва озуқаро то 6 миллиард доллар афзоиш хоҳад дод.

Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаитӣ ва Либерия дар хатти аввали кишварҳоеанд, ки аз кумаки молии билоиваз бархурдор хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки моҳи оянда ҳамин гуна кумак дар ихтиёри Тоҷикистон, Того ва Яман гузошта шавад.

Болоравии қимати маводи ғизо ва дар вартаи гуруснагӣ қарор гирифтани миллионҳо сокинони сайёра аз мушкили доғи имрӯз маҳсуб мешавад. Моҳҳои ахир, аз ҷумла, қимати биринҷ дар олам боло рафт ва ин боиси эътирозҳои густарда дар бархе мамолик гардид. Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда сарони кишварҳои ҷаҳон дар як нишасти таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рим ҷамъ омада бӯҳрони озуқаро баррасӣ кунанд.

Барномаи Бонки Ҷаҳонӣ дар дар ҳоле муаррифӣ шуд, ки як рӯз пеш Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ ва Созмони озуқаву кишоварзиии Созмон Милали муттаҳид дар як гузориши муштарак эълом доштанд, “болоравии сартосарии қимати маводи ғизо – воқеияти нави имрӯзи олам аст”. Тибқи гузориши ин созмонҳо, қимати маводи ғазоӣ дар ҷаҳон моҳҳои наздик каме пойин хоҳад рафт ва аммо тули даҳ соли оянда қиматҳо дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд. Мутахассисон ҳадс мезананд, ки дар даҳ соли оянда, аз ҷумла, қимати гандум аз 40 то 60 дар сад ва қимати биринҷ тақрибан 50 дар сад боло хоҳад рафт.

Мутахассисон мегӯянд, ки омилҳои аслии болоравии нархи озуқа – қимати баланди нафт, афзоиши теъдоди аҳолии сайёра ва барои тавлиди маводи сӯхти биологӣ истифода шудани заминҳои кишт ба зудӣ аз байн нахоҳанд рафт.

Роберт Золик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бӯҳрони озуқа мушкиле чун СПИД нест, ки дастоварди бузурги илмиро тақозо кунад. “Одамон медонанд чӣ кор кунанд, меафзояд ӯ, барои рафъи ин бӯҳрон ҳамоҳансозии фаъолият зарур аст ва ҳамдардиву вокуниши сареъ ба мушкили ҳамдигар”.

XS
SM
MD
LG